ДАНҒАРА. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли сипаришуда маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардида истодааст.
Ин навбат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28, маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ деҳаи “Шар - шар”-и Ҷамоати деҳоти Себистон доир гардид, ки дар рафти он раиси ташкилоти ибтидоӣ Зубайдзода Нурулло ҳисоботи муффасал пешниҳод намуд.
Инчунин, дар маҷлиси мазкур вобаста ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, захираи маводҳои хӯрока, самаранок кишт намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба самъи иштирокдорон расонида шуд.