ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулистон” бо иштироки масъулини ҳизбӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи сарфаҷӯёнаи неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Зимни мулоқот бо хонандагони синфҳои болоии ташкилоти ибтидоӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ оид ба бемории сироятии коронавирус ва роҳҳои пешгирии он суханронӣ намуда, қайд кард, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ моро зарур аст, пайваста аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода намоем ва фосилаи иҷтимоиро риоя намуда, аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоем. Безарурат дар ҷойҳои серодам ва дар кӯчаҳо гаштугузор накунем. Бо ин амалҳо мо метавонем роҳҳои паҳншавии бемориро кам намуда, худ ва дигаронро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ дорем.