БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ВАСИЛАИ МУҲИМИ МУАРРИФИИ ХАЛҚУ МИЛЛАТ

ВАХШ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии хизбии "Фарҳанг" маҷлиси ҷамъбастии ташкилот дар соли 2020 доир гардид.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Алихон Шарипов  ҳисобот дода, қайд кард, ки соли 2020 барои ташкилоти мо соли дастовардҳои назаррас буда, аъзои ҲХДТ дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  фаъолона иштирок намуда, барои баланд бардоштани фарҳанги мардум саъю талош варзидааст.

Инчунин, дар идомаи маҷлис  мавсуф  иброз дошт, ки Раиси муаззами ҲХДТ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва беҳтар намудани шароити кору фаъолият дар ин соҳа тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.

Дар интиҳои маҷлис, аз ҳозирин даъват карда шуд, ки дар самти сарфакорона истифода бурдани неруи барқ саҳмгузорӣ намуда, дар пешрафту инкишофи Тоҷикистони азиз бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg