БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардуми Тоҷикистон ба режими террористии Эрон лаънат мефиристад

ВОКУНИШ. Мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол рафтору амалҳои муғризонаи Ташкилоти  экстремисти  террористии ҲНИТ ва “Гуруҳи 24”-ро маҳкум намуда, қайд менамоем, ки ҳамаи ин ҳизбҳои террористӣ ва экстремистӣ як мақсаду як маром доранд: қатлу куштор ва нобуд сохтани давлатҳо. Албатта ин гуруҳчаҳо ҳам ба сари худ ба вуҷуд наомадаанд ва ҳар кадоме дар пушташ пуштибонҳои қавӣ дорад, ки онҳоро маблағгузорӣ мекунанд то ба ҳадафҳои геополитикиашон расанд.

Ҳамакнун пурра ошкор гардид, ки дар пушти ТЭТ ҲНИТ, ки омили асосии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум гардида буд, Ҷумҳурии исломии Эрон меистодааст. Ҷумҳурие, ки мо онро дӯсту бародар меҳисобидем. Маҳз ҳамин боис гардид, ки як гурӯҳ сокинони кишвар назди сафоратхонаи ҶИ Эрон тазоҳурот барпо намуданд ва ба режими террористии Эрон лаънат фиристоданд.

Бояд гуфт, ин тоифа баҳри амалӣ гардидани мақсадҳои ғаразнокашон тамоми роҳу усулҳои ҷинояткорию ваҳшониятро истифода менамоянд, ки бо ин васила ҷавонони донишҳои сиёсиашон нокифоя ба домашон афтода, бозичаи дасташон мегардад.

Ин гуруҳҳо намехоҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оромию осудагӣ  ҳукмфармо бошад, чунки дар ҳолати осоиштагии Тоҷикистон, он нафароне, ки бо ҳар восита аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои калон баҳри ноором сохтани Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаанд, мақсадҳояшон барбод рафта, ноилоҷ шуда, дар ин ё он манотиқи кишвар ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнинро содир карда, боз ба назди пуштибонҳои худ рафта бо воситаи нашрияҳои даврии худ нисбати мамлакати мо ҳар гуна суханҳои носазо чоп мекунанд.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони миллат мардуми моро бо гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ки дар ин ҷанг 160000 ҳазор мардуми тоҷик кушта ва ҳазорҳо оилаҳои ҷавон бесаробон мондаанд. Иқтисодиёти мамлакатро ба нестӣ бурда, умеди мардумро ба ояндаи неки давлат канда карданд.

Баъди ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умеди халқи тоҷик ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон пайдо гардид. Дигар намегузорем, ки бадхоҳони миллат ин давлати бо хуни дил сохтаамонро боз ба хуну хок оғушта намоянд.

П. Каримов, раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg