БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суханронии Пешвои миллат дар вохурӣ бо намояндагони кишвар ба баланд шудани сатҳи огоҳии мардум мусоидат кард

ТЕМУРМАЛИК. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шумули намояндагони мақомотҳои қудратӣ ва дигар сохторҳои ҳокимияти маҳаллӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил карда шудааст.

Дар ҷамоати шаҳраки Совет вохӯрии гурӯҳи  корӣ бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ доир гардид, ки дар он  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок ва дар назди ҷамъомадагон фикру андешаҳояшро баён намуд.

Ҳамчунин  имомхатиби масҷиди ҷомеъи ноҳия Доробов Абдулвадуд оид ба суханрониҳои Пешвои миллат дар  мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар суханронӣ карда, дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуд.

Дар вохурӣ, ки зиёда аз 120 нафар сокинони  ҷамоати шаҳраки Совет  иштирок доштанд, аз суханрониҳои масъулин таассуроти хуб бардоштанд.

Айни замон вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳии гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Темурмалик идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg