БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО ДАР СОЛИ 2021

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «РАСИН» маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар маҷлис мудири Шуъбаи кор бо занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сабоҳат Салимова ва аъзои ташкилот иштирок доштанд.

Хайруллозода Алишер раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида ҳисобот дод.

Сипас, дар рафти ҷамъомад намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳияивии ҳизб Сабоҳат Салимова ба сухан баромада, доир ба саҳми ташкилоти ибтидоии мазкур дар таҳкими ғояҳои барномавии ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз, вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштии ҳифзи саломатӣ ибрози ақида кард.

Дар охир маҷлис бо натиҷаҳои дилхоҳ ҷамъбаст гардида, доир ба масъалаҳои болозикр қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg