БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

БОХТАР. Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” иштирок намуданд. Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” Олимзода Шамсулло доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 гузориши муфассал дода, қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои он ҷиҳати нигоҳ доштани солимии аҳолӣ  саъюу талош намуда, дар ин давра ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Табибони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар пешгирӣ намудан аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар сафи пеш қарор дошта, ба таври шабонарӯзӣ бар зидди ин бемории ҳамагир  мубориза бурдаанд. Дар давраи ҳисоботӣ шароити корӣ дар беморхона беҳтар гардида, бо дастгирии тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 56 адад  таҷҳизотҳои наву замонавӣ ворид карда шуд.

Сипас, Латифзода Асрор Қурбон зимни суханронӣ фаъолияти ташкилоти ибтидоиро дар соли 2020 хуб арзёбӣ карда, ба табибон барои муборизаи беамонашон бо бемории коронавирус аз номи ҲХДТ изҳори сипос намуда, онҳоро қаҳрамонони давр унвон кард. Аз иштирокчиёни маҷлис даъват карда шуд, ки дар тарғиби ғояҳои созандаи ҳизбӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ  корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, дар пос доштани фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани  сифати хизматрасонии тиббӣ  талош варзанд.

Пас аз қабули қарорҳои дахлдор ба як қатор фаъолони ҳизб Сипосномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуда, ба чанд нафари дигар, ки  аъзои нав мебошанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg