БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии «Молия» маҷлиси чамъбастии ташкилоти ибтидои дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар маҷлис масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва аъзову кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок доштанд.

Гуреззода Давлат  раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида, ҳисобот дод.

Сипас, дар рафти ҷамъомад намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳияивии ҳизб Бекмамадов Асалмамад ва Ғафорова Насима ба сухан баромада, доир ба саҳми ташкилоти ибтидоии мазкур дар таҳкими ғояҳои барномавии ҲХДТ ва масъалахои мубрами рӯз, вобаста ба  сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштии ҳифзи саломатӣ ибрози назар намуданд.

Дар охир  маҷлис бо натиҷаҳои дилхоҳ  ҷамъбаст гардида, доир ба масъалаҳои болозикр қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg