Н.ХУСРАВ. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи баргузории маҷлисҳои умумии ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба ҷамъбастии солонаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Бахши фарҳанг” ва “Идораи байторӣ” маҷлиси ҷамъбастии солона ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.
Дар ҷаласаҳо оид ба фаъолияти яксолаи ҳизбиён раисонии ташкилотҳои ибтидоӣ ва иҷрои супоришҳои мақомоти болоӣ, корҳои ба сомон расонидаи ташкилотҳо ва пешравию камбудиҳои ҷойдошта, инчунин таҳкими ҳаракати аъзои ҳизби ташкилотҳои ибтидоӣ, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ахборот пешниҳод намуданд.
Баъдан нақшаи кории ташкилот барои соли 2021 муҳокима ва тасдиқ карда шуд.