БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ – ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ҷайралӣ”, “Танобчии поён”, “Хонаи бачагони Танобчӣ”, “Танобчии миёна”, “Ҷамоати деҳоти Танобчӣ”, “Танобчии боло”, “Баҳманруд”, “Хоҷагии ба номи Исмоили Сомонӣ”, “Кишоварзӣ”, “Бойторӣ” ва ташкилоти ибтидоии “Тошбулоқ”  маҷлисҳои ҷамъбастӣ - ҳисоботӣ баргузор шуд, ки дар он ҳисоботҳои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар баробари ҳисоботҳои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, инчунин самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемории (COVID -19) ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” - ро риоя намудан бармеояд,  ёдрас карда шуд. Инчунин, дар охири маҷлисҳои вобаста ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg