ПАНҶ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Арзанда» доир гардид.
Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии худ барои соли 2020 ҳисобот доданд.
Сипас, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ низ дар навбати худ оид ба фаъолияти густурдаи ҲХДТ, ки зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” амал менамояд, ибрози андеша карда, доир ба камбудиҳои ҷойдоштаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар самти ҳуҷҷатгузорӣ маслиҳатҳои судманд доданд.
Бояд қайд кард, ки дигар маҷлисҳои ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бомаром идома дорад.