БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ БО НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” бо иштироки Баҳодур Хайруллозода мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид.

Нахуст, Фирӯз Ғафурзода раиси ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” оид ба фаъолияти солона дар соли  2020 ҳисобот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар соли сипаригардида, аъзои ташкилоти ибтидоӣ тавонистанд, ки дар ҷодаи касбӣ ва корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Дар соли сипаригардида мувофиқи имконият ба як қатор оилаҳои камбизоату маъюб кумакҳои ғизоӣ расонда шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии (COVID-19) ба як қатор сокинони шаҳр ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои антисептикӣ дастрас карда шудааст.

Муслима Ғуриева  зимни суханронии худ зикр кард, ки ҲХДТ дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди устувор ва бонизоми сокинон ва дар ин замина бо мақсади фароҳам овардани зиндагии шоистаи ҳар фарди ҷомеа, имкониятҳои мусоид ҷиҳати ташаккули нерӯи инсонӣ дар асоси баробари адолати иҷтимоӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон, пайваста кӯшиш менамояд. Дар фарҷом намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳисоботӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ”-ро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg