Н.ХУСРАВ. Гурӯҳҳои кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади ба сокинон фаҳмонидани сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва сокинони деҳот суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
Ин навбат аъзои гурӯҳи корӣ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол суҳбату вохурӣ доир намуда, бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик», бо усули «хона ба хона» корҳои оммафаҳмонӣ гузарониданд.
Инчунин, дар ташкилоти ибтидоии “Бешкент” бо сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, истифодаи лампаҳои каммасраф, бештар истифода намудани намудҳои сӯзишвориҳои табиӣ, аз ҷумла ҳезум, ангишт, гази моеъ ҳангоми пухтани хӯрок ва гарм кардани манзили зист вобаста ба беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.