ЁВОН. Дар ташкилоти ибтидоии “Саргаҳ”-и деҳаи Саргаҳи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх маҷлиси ҷамъбастӣ барои фаъолияти соли 2020 баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолибҷон, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Солиҳов Маҳмадрасул иштирок намуданд.
Зимнан дар ҷамъомади ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии “Саргаҳ” се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Расулов Ғолибҷон намояндаи Кумитаи иҷроия дар баромади хеш оид ба бурдани корҳои таблиғотӣ дар самти шарҳу тавзеҳи муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи оқилона истифода бурдани неруи барқ”, истиқболи сазовор аз ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ ва ғайра ибрози андеша намуда, иштирокдоронро барои татбиқи амалҳои созанда раҳнамоӣ кард. Ҳамзамон, дар рафти маҷлис бо интихоби аъзои ташкилот ва сокинони маҳалла раиси ташкилоти ибтидоии “Саргаҳ” иваз карда шуд.