ЁВОН. Ҷамъомадӣ ҷамбастии натиҷаҳои ҳизбиён дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Ситораи Сурх” баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолибҷон, раиси Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Ғаффорзода Абдурасул, раисони маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти мазкур ва сарварони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Расулов Ғолибҷон намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон зимни баромади хеш оид ба бурдани корҳои таблиғотӣ дар самти дастгирии Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи оқилона истифода бурдани неруи барқ”, истиқболи сазовор аз ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон, дар рафти маҷлис ҳисоботи солонаи раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх Ғаффорзода Абдурасул шунида шуд.