ДӮСТӢ. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва дастгирии аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроия маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!» дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, шоҳроҳи Дӯстӣ-Бохтар баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирокдорон ба обу ҳавои сарди зимистон нигоҳ накарда, дар мавзеъҳои мазкур зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои анор ва ҳамешасабзи арчаро шинониданд, ки ба ҳусни як гӯшаи диёр зебогии хосро зам намуд.