ВОСЕЪ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатӣ"-и ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 бо иштироки масъулини ҳизбӣ баргузор гардид.
Роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатӣ" Азиззода Баҳоуддин ҳисоботи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоро ироа намуда, иброз дошт, ки дар оянда низ фаъолияти ташкилотро хубтару беҳтар намуда, баҳри ободии Ватан ва саломатии ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ фаъолияти ташкилотро хуб арзёбӣ намуда, ба шахсони фаъол, ки дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои ҳизбӣ саҳми муносиб гузошт,а дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намудаанд, бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроия сарфароз гардонид.