БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ДАР СОЛИ СИПАРИГАРДИДА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МДНРА» маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ  баргузор гардид. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзову кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок доштанд.

Изатуллоев Раҷабалӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар зарфи як соли сипаригардида дар  назди ҳозирин ҳисобот дод.

Баъдан намояндаи Кумитаи иҷроия  Шариф Сатторов доир ба саҳми ташкилоти ҳизбӣ дар таҳкими ғояҳои барномавии ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла вобаста ба  сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштии ҳифзи саломатӣ ибрози назар намуд.

Қисмати интиҳои маҷлис бо саволу ҷавоби тарафайн анҷом ёфта, раёсати маҷлис фаъолияти яксолаи ташкилоти ҳизбиро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg