ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мадад" маҷлиси ҷамъбастии солонаи ташкилот ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ Зинатгул Хоҷаева оид ба фаъолияти яксолаи ҳизбиёни ташкилот, ҳисобот дода, аз фаъолияти ташкилот ва иҷрои супоришҳои мақомоти болоӣ, корҳои ба сомон расонидаи ташкилот, пешравию камбудиҳои ҷойдошта ахборот пешниҳод намуд.
Хамзамон, масъулини ҳизбӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд карданд, ки истифодаи оқилонаи неруи барқ ба манфиати ҳамаи мо буда, сарфаи он баҳри зиндагии осоиштаву оромии мо мусоидат хоҳад кард.