БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ ҲИЗБИЁН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ВАХШ. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ  баргузор карда шуд.

Нахуст маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ  Ю.Фақирзода оғоз намуда, оид ба фаъолияти солонаи  соли сипаришуда маълумоти мухтасар дод. Инчунин, мавсуф зимни ибрози андеша  аз пешравию муваффақияту дастовардҳои ҲХДТ ёдовар шуда, оид ба амр ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки сари вақт ҳамаи гуфтаҳои боло бояд иҷро карда шаванд.

Дар асоси муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик”  дар бораи сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва мубориза бар зидди бемории сироятии Ковид-19 раиси ташкилоти ибтидоӣ  ва шахси масъул маълумот дода, таъкид бар он доштанд, ки миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.  Дар охир маҷлис бо саволу ҷавоби тарафайн анҷом ёфта, раёсати маҷлис фаъолияти яксолаи ташкилоти ҳизбиро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg