БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ФАЪОЛОН БО СИПОСНОМАИ ҲХДТ ҚАДРШИНОСӢ ШУДАНД

БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳин” маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 доир гардид.

Дар маҷлис муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, аъзо ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд.

Масъулин нахуст аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва утоқи ҳизбӣ дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини  Шоҳин шинос шуда, ба  маҷлис ба кори маҷлис оғоз бахшиданд. Рӯзномаи маҷлис аз се масъала- гузориши раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2020, тасдиқи нақшаи кории ташкилот барои соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ иборат буд.

Юсуфзода Тутинисо раиси ташкилоти ибтидоӣ доир ба  фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 гузориш дода, иброз дошт, ки фараҳмандии мо кормандони соҳаи китобу китобдорӣ аст, ки соли дуюм бо дастгирии бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида мешавад. Боиси хурсандӣ ва сарфарозии мо, аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбиии “Шоҳин” мебошад, ки котиби масъули ташкилоти ибтидоии ҳизбиамон Давлатова Тоҷиниссо низ дар озмуни мазкур иштирок намуда, маҳорати баланд нишон дода ба гирифтани яке аз ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидааст .

Сипас, Латифзода Асрор Қурбон ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар кард. Аз ҷумла, мавсуф фаъолияти ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ карда, гуфт, ки аъзои ҲХДТ бояд миёни омма рафтору кирдори намунавӣ дошта бошад. Ҳамзамон, аз ҳар аъзои ҲХДТ талаб карда мешавад, ки дар пешрафту гулгушукуфоии меҳани азизамон ва амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми арзандаи худро гузорад.

Пас аз муҳокимаи тамоми масъалаҳои маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуда,  чанд нафар фаъолони ҲХДТ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg