БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризм ба мардум бадбахтӣ меорад

Ҷ.БАЛХӢ. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба муҳокимаи Конфронси умумиҷаҳонӣ таҳти унвони “Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез” бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид иштирок дошта, моҳияти Конфронси умумиҷаҳонӣ таҳти унвони “Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез”,  мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12 майи соли 2018 бо намояндагони ҷомеаи кишвар доир гардид,  ба ҷамъомадагон шарҳу тавзеҳ дод.  

Инчунин, дар баробари баррасии  масъалаҳои номбурда,  оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ андешарони карда, афзуд, ки  вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ бирасем ва дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg