
Н.ХУСРАВ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи № 1»-и ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҷамъбастии солонаи ташкилот ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба фаъолияти яксолаи ҳизбиёни ташкилот, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ҳисобот дода, аз фаъолияти ташкилот ва иҷрои супоришҳои мақомоти болоӣ, корҳои ба сомон расонидаи ташкилот ва пешравию камбудиҳои ҷойдошта, инчунин таҳкими ҳаракати аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоӣ, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ахборот пешниҳод намуд.
Баъдан нақшаи кории ташкилот барои соли 2021 муҳокима ва тасдиқ карда шуд.