БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАҲОНИ ИМРӮЗА АЗ МО ҶАВОНОН ЗИРАКИИ СИЁСИРО ТАЛАБ МЕНАМОЯД

АНДЕША. Ҷаҳони имрӯза сарҳад надорад ва сокинони сайёра ҳамеша зери таъсири таҳаввулоти сиёсии он қарор доранд. Дар ин ҳолат ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро, ки ҷавҳари асосии неруи давлатдорию давлатсозӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, аз даст надиҳем. Зиракии сиёсӣ дар шароити рӯз яке шартҳои асосии пойдории давлат, таҳкими истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон  оид ба  ин масъала зикр менамоянд:  ”Бояд гуфт, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин то рафт вусъат гирифтани низоҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, зиракии сиёсӣ ва алалхусус зиракии сиёсии  ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд”. Ин суханон ба он далолат менамояд, ки бештар ҷавонон зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ қарор доранд ва аз ҳама зиёд ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳу равияҳои иртиҷоӣ мепайванданд.

Имрӯз ҷавонони моро мебояд, ки ҳар як таҳаввулот ва раванди сиёсиро зуд ва ба таври дақиқ таҳлил  намуда, ҳадафҳои ғаразонаи  душманони давлату миллатро  ошкор созанд. Ҷавонони мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки давлатсозию давлатдорӣ кори саҳлу осон нест, барои ин асрҳо лозим меояд. Инчунин, барои ҳифзу пешрафти  он чандин насле лозим аст, ки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ дошта бошанд. Барои давлатсозию давлатдорӣ ба ғайр аз худи мо дигар касе масъул нест ва ба касе ҳам бовар кардан мумкин нест. Зеро тамоми гурӯҳҳо, ҳизбҳо ва созмону ташкилотҳо манфиати  худро доранд ва онро ҳимоя мекунанд.

Мо  набояд фаромӯш намоем, ки  дар шароити рӯз амнияту суботи кишвар, пойдории давлат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ  ва ҳастии миллат  аз ҳар яки мо вобастагӣ дорад.

Шомилшавии як ҷавон ба гурӯҳҳои  ифротӣ  метавонад ҷони садҳо одамонро зери хатар гузорад, ба амнияти давлат халал ворид созад, обурӯю нуфузи давлатро паст намояд. Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияе тарбия намоем, ки онҳо ҳамеша манфиатҳои миллию давлатиро аз ҳама боло гузоранд.

Ҷавонони мо бояд ҳамеша омодаи мубориза ба душманони давлату миллат бошанд. Зеро  як лаҳзаи фориғболӣ метавонад моро  ба ҳолати ногувор рӯ ба рӯ созад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи ҳамсолон даъват ба амал меоварам, ки  дар ҳама ҳолат ҳушёрии сиёсиро аз даст  надиҳанд ва барои ин Ватан ва ин миллат фарзандона хизмат намоянд.    

Исфандиёр Саидмаҳмудов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg