БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ХОВАЛИНГ.  Бо иштироки шахсони масъул аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ”, “Маркази саломатӣ”, “МНДСЭ”, “Роҳсозӣ” ва “Х/ҷ ба номи С. Каримов” маҷлиси ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2021  гузаронида шуд.

Дар маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар бораи фаъолияти ташкилот дар соли 2020 ҳисобот дода, афзуданд, ки ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботҳои вакилон ва Президентӣ фаъолияти хуб дошта, бо дастовардҳои назаррас ин маъракаҳои муҳимро сарбаландона гузарониданд. Инчунин, дар дигар чорабиниҳои  ҳизбӣ низ иштироки фаъолона дошта, ҳар дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби мақомоти болоии ҳизбӣ пешниҳод гардид, сари вақт иҷро гардидааст ва минбаъд низ ташкилотҳои ибтидоии мазкур дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ омода мебошанд.

Дар охир аз рӯи масъалаҳои баррасигардида дар маҷлисҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg