БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2021

ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази санитарӣ-эпидемиологӣ” маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилот дар соли 2020 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ гузаронида шуд.

Зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботи солонаро ироа намуда, нақшаи корӣ барои соли 2021-ро тасдиқ ва баррасӣ намуданд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ  Файзизода Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба  масъалаҳои соҳаи тандурӯстӣ андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муоширати табибон ва  ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодаашон гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, инчунин, дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ташвишовар гардидааст.

Дар охир ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида аз ҷониби иштирокдорон дастгирӣ ёфта, барои боз ҷоннок кардани  корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба шахсони муттасадӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроия тавсияву маслиҳатҳои муфид дода  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg