БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР АСТ

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ” бо иштироки Ғафурзода Фирдавс мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва мутбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Сараввал, муовини раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Аёзов Ғиёсиддин оид ба фаъолияти ташкилот дар соли сипаригардида ҳисобот дода, зикр намуд, ки эътиқоду эътимоди сокинони кишвар ҳамарӯза нисбати ин ҳизби созандаву бунёдкор зиёд гардида истодааст.  Дар соли сипаригардида масъулини ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳои сиёсии интихоботҳо фаъолона ширкат варзида, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас, Фирдавс Ғафурзода ба сухан баромада, изҳор дошт, ки соли 2020 барои аъзоёву ҷонибдорони ҳизб бисёр соли таърихию санҷишӣ буд, ки мо дар якҷоягӣ тавонистем дар ин соли сипаригардида ба ҳадафҳои сиёсии худ ноил гардем. Инчунин, қайд гардид, ки якояки моро зарура аст тибқи муроҷиатномаи Вазорати энергетика ва  захираҳои об  ҳамзамон муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg