БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОИНА”

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Оина” бо иштироки Гулмуродзода Қумриниссо раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Маҷлисро муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҳимова Нигина оғоз намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида гузориш дод.

Нигина Раҳимова дар гузориши хеш қайд намуд, ки Муассисаи давлатии шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак,  ки дар муассисаи мазкур ташкилоти ибтидои бо номи «Оина» фаъолияташро ба роҳ мондааст, сол то сол сафи аъзои ҳизб зиёд гашта истодааст, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки этиқоду эътимоди сокинони кишвар ҳамарӯза нисбати ин ҳизби созандаву бунёдкор зиёд гардида истодааст.

Дар соли сипаригардида масъулини ташкилоти ибтидоии «Оина» дар чорабиниҳои сиёсии интихоботҳо фаъолона ширкат варзиданд, ки соли сипаригардида барои аъзову ҷонибдорони ҳизб бисёр соли таърихию санҷишб буд ва мо дар якҷоягӣ тавонистем ба ҳадафҳои сиёсии худ ноил гардем.

Баъд аз анҷоми ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Қумриниссо Гулмуродзода суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои сиёсии фаъолияти ин ҳизби бонуфуз ибрози андеша намуд ва ҳисоботи раисти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg