БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИРОМИ ПУЛИ МИЛЛӢ ЭҲТИРОМ БА МИЛЛАТ АСТ!

НОРАК. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Ориёнбонк” бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Савзалӣ Зоирзода маҷлиси ҷамъбастии ҳизбӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Ятимов Шамсиддин муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳангоми баромад вобаста ба фаъолияти ташкилот афзуд, ки дар давоми соли 2020 ташкилоти ибтидоӣ дар тарғибу ташвиқи Барномаи ҲХДТ саҳми худро гузоштааст. Инчунин, дар маҷлис масъалаҳои корбариву коргузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, интизоми намунавии ҳизбӣ, тасдиқи нақшаи корӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас, дар навбати худ Зоирзда Савзалӣ дар суханронии худ қайд намуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ асоси фаъолияти ҳизб буда, дар якҷоягӣ мо метавонем ба ҳадафҳои барномавию Оинномавии ҳизб ноил гардем. Ҳар як узви ҳизбро мебояд дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳмгузор бошад. Дар хотима фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg