БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ БО ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДДК МУЛОҚОТ НАМУДАНД

КӮЛОБ. Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ва Хайрулло Амонулло, ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён Орзу ва дигар шахсони расмӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқот доир намуданд.

Зимнан, иштирокдорон оид ба масъалаҳои ташвишовари рӯзмара аз ҷумла, истифодаи самараноки неруи барқ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, вусъати кишту кор дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Инчунин, доир ба рушди соҳаи маориф, хусусан, иштироки фаъолонаи омӯзгори донишгоҳ Хуршед Қурбоновро дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” ёдовар гардида, ба он изҳори сипос баён намуданд.

Дар охир ҳайати донишҷӯёну омӯзгорон барои баргузории чунин вохӯрии судманди вакилони мардумӣ изҳори миннатдорӣ арз карда, дар фаъолияти пуршарафу пурмасъулияташон муваффақиятҳоро орзу намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg