БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

КӮЛОБ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ва Хайрулло Амонулло, ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён Орзу ва дигар шахсони расмӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳозирин доир ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла, мақсаднок ва самаранок  истифода кардани неруи барқ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, вусъати кишту кор дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва ҷиҳати истиқболи сазовор аз ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни назар намуданд.

Илова бар ин, оид ба заҳматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб дар робита ба мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус ёдрас шуда, ба ҳамаи онҳо барои чунин заҳмату талошҳо арзи сипос изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg