БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирӣ аз терроризму экстремизм бо роҳи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсии сокинони маҳал

ПАНҶ. Бо иштироки бевоситаи кормандони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Панҷ бо сокинони маҳаллаи 10-солагии Ваҳдати ҷамоати деҳоти Намуна  дар асоси ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо  вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, масъулин дар баробари  тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин  оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Пешгирии  терроризм ва экстремизми хушунатомез», ки дар санаи 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид, андешаронӣ намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Конфронс дар назди намояндагони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ,  ҳайатҳои роҳбарони кишварҳои хориҷӣ суханронӣ намуданд, ки  пешниҳодҳо ва тавсияҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муборизаи муштарак зидди терроризм ва экстремизм аз тарафи  намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ хуб пазируфта шуданд.

Иқдоми  навбатии Пешвои миллат боиси дар сатҳи баланд мақом гирифтани Тоҷикистони соҳибистиқлоли озоду демократӣ шуда, ифтихори миллати тоҷик гардидааст.

Зимни суханрониҳо қайд шуд, ки миллионҳо нафар одамон горифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳон табдил ёфта, офатҳои фоҷеабор ба бор меорад.

 Аз ин лиҳоз мебояд, ки ҳамагон  барои аз байн бурдани ин  омилҳо муборизаи сарҷамъона бурда, ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасем ва зиракии сиёсиро аз даст надода,  ба хушунату зӯроварӣ роҳ надиҳем. Сатҳи маърифати сиёсии ҷавононро баланд бардошта, дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва истифодаи дурусти технологияи муосири иттилоотӣ тарбия намоем.

Дар қисмати охири вохӯрӣ дар деҳаи 10-солагии Ваҳдат ташкилоти ибтидоии бо номи “Ваҳдат” таъсис дода шуда,  7 нафар барои ба сафи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон шомил шудан ариза пешниҳод намуданд. Ташкилоти ибтидоии навтаъсиси “Ваҳдат” бо маводҳои таблиғотӣ-Оиннома ва Барномаи ҳизб, овезаи ташкилоти ибтидоӣ, парчамҳои ҳизбӣ, тақвимҳо ва бо дигар маводҳои таблиғотӣ таъмин карда шуд.

Дар охир, кормандони Кумитаи иҷроия иштирокдоронро бо моҳи мубораки шарифи Рамазон шодбош гуфта, ба ҳамагон зиндагии шоиставу рӯзгори осударо дар фазои орому осоиштаи  кишвар таманно карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg