МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Дараи Ҳаваши ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳа маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа, мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия, афзоиш додани сафи аъзои ҳизб, зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, рушду равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ карда шуда, сокинонро барои дастгирии якдилона баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар рушду нумуи кишвар ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар маҳал даъват намуданд.
Баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳои ҳизбӣ дар дигар деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Муъминобод мувофиқи нақша идома доранд.