БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО СОКИНОНИ ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ

КӮЛОБ. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату мулоқотҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ва Хайрулло Амонулло, инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Шарифзода Гулрухсор, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён Орзу ва дигар шахсони расмӣ ин навбат бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Даҳана вохӯрӣ доир намуданд.

Нахуст, дар рафти вохӯрӣ вакилон суханронӣ карда, ҷиҳати самаранок истифода намудани неруи барқ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, вусъати кишту кор дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Дар баробари ин низ интихобкунандагон баромад намуда, аз баргузории чунин вохӯриҳои судманди вакилони мардумӣ бо сокинон изҳори сипос карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg