КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ва Хайрулло Амонулло, инчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва дигар шахсони расмӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зиракӣ мулоқот доир карда шуд.
Зимни мулоқот вакилони мардумӣ ба сухан баромада, ҷиҳати самаранок истифода намудани неруи барқ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, вусъати кишту кор дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни андеша намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот интихобкунандагон ба вакилон саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.