БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2020

ЁВОН. Рӯзҳои 11-12-уми январи соли равон дар Кумитҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ёвон ва Абдурраҳмони Ҷомӣ чаласаҳои бо иштироки намояндагони ҲХДТ ва аъзои Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ёвону Абдурраҳмони Ҷомӣ, вакилону Шӯроҳои кор бо ҷавонону занону собиқадорони ноҳияҳо доир гардид.

Аз ҷумла дар ҷамъомади  ҷамъбастии натиҷаҳои ҳизбиён дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” баргузоргардида муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон ва роҳбари Дастгоҳи вилоятии ҲХДТ Ҳусейнзода Наврӯз иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷамъомади ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии “Барқчиён”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Латифзода Асрор Қурбон муовини Раиси ҲХДТ зимни суханронии хеш оид пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар самти дастгирии Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи оқилона истифода бурдани неруи барқ”, зиёд намудани сафи ҳизб аз ҳисоби кормандони шабакаҳои барқии Ёвон, истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg