БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАМЪБАСТИ СОЛ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии «Наистон» маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва аъзову кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок доштанд.

Ганҷалов Баҳодур раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида ҳисобот дод.

Сипас, дар рафти маҷлис  намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Зайдуллоев Муҳаммадҷон ба сухан баромада, доир ба саҳми ташкилоти ибтидоии мазкур дар таҳкими ғояҳои барномавии ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштии ҳифзи саломатӣ ибрози назар намуд.

Қисмати интиҳои маҷлис бо супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ анҷом ёфта, раёсати маҷлис фаъолияти яксолаи ташкилоти ҳизбиро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg