БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Н.ХУСРАВ. Дар  ташкилоти  ибтидоии “Маорифчиён”  маҷлиси  ҷамъбастии  солонаи  ташкилот ва  вазифаҳо барои  соли  2021 баргузор  гардид.

Дар  ҷаласа  оид ба  фаъолияти  яксолаи  ҳизбиёни  ташкилот, раиси  ташкилоти  ибтидоии мазкур  К.Очилдиев ҳисобот  дода,  аз  фаъолияти  ташкилот ва   иҷрои  супоришҳои  мақомоти болоӣ,  корҳои  ба  сомон  расонидаи ташкилот ва   ҳаракати  аъзои  ҳизб  ахборот  пешниҳод  намуд.

Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилотти ибтидоии “Маорифчиён”  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  Ализода Сурайё иштирок дошта,  дар бораи  фаъолияти хуби ташкилот дар соли 2020, аз ҷумла  иштироки фаъолонаи аъзо дар чорабиниҳои ҳизбӣ, маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботҳои парлумонӣ, маҷлисҳои вакилони халқ ва  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёдовар шуда, ба ҳар яки онҳо изҳори миннатдорӣ баён кард.

Сипас, бо дастгирии  иштирокдорон нақшаи  кории  ташкилоти ибтидоӣ барои  соли 2021 муҳокима  ва  тасдиқ карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg