БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕРУИ БАРҚ ВАСИЛАИ РӮШНОӢ ВА ГАРМИИ ХОНАДОН АСТ!

Н.ХУСРАВ. Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  Муроҷиатномаи Ширкати  «Барқи  Тоҷик»  вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ташкилоту  муассисаҳо миёни  сокинон  бо  усули  «хона  ба  хона» гузаронида  истодаанд.

Гурӯҳҳои  кории назди  Кумитаи  иҷроия  дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар   ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  “Баҳор”-и  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  бо  сокинон оид ба истифодаи  сарфакоронаи  неруи  барқ, роҳ надодан ба  талафотҳои  зиёди   неруи  барқ, истифодаи  лампаҳои каммасраф, бештар  истифода  намудани  намудҳои сӯзишвориҳо, аз  ҷумла ҳезум, ангишт, гази  табиӣ ҳангоми  пухтани  хӯрок  ва гарм  кардани  манзилашон  вобаста ба беҳтар гузаронидани  мавсими зимистони   дарпешистода корҳои  фаҳмондадиҳӣ    гузарониданд. 

Ҳамчунин, дар бораи  пешгирӣ  аз бемории  коронавирус аз  сокинон даъват  ба  амал  оварданд, ки ба риояи қоидаҳои  беҳдоштӣ саломатии худ ва дигаронро ҳифз намоянд ва дар ҷойҳои ҷамъиятию серодам аз  ниқобҳои  муҳофизатӣ истифода  баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg