ПАНҶ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Барқчиён" маҷлиси ҷамбастӣ барои соли 2020 бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид.
Зимнан дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботи ҷамъбастии ташкилотро ироа намуда, нақшаи корӣ барои нимсолаи аввали соли 2021-ро тасдиқ кард. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар рафти маҷлис атрофи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд карданд, ки истифодаи оқилонаи неруи барқ ба манфиати ҳамаи мо мебошад. Ҳамзамон, дар рафти сухаронӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба масъалаи ҳаракати низоми аъзои ҳизб баромад намуда, таъкид карданд, ки ҳисоботҳо вобаста ба ҳаракати аъзо ҳар моҳ ва сари вақт ба Кумитаи иҷроия дастрас карда шаванд.