БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН СОЛИ СИПАРИГАРДИДАРО ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Шифокорон” бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Фирдавс Ғафурзода маҷлиси ҷамъбастӣ- ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2020 баргузор гардид.

Набиев Лоиқшо муовини раиси ташкилот ҳангоми баромад вобаста ба фаъолияти ташкилот афзуд, ки дар давоми соли 2020 дар тарғибу татбиқи Барномаи ҲХДТ ташкилоти ибтидоӣ саҳми худро гузоштааст. Масъалаҳои корбариву коргузорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, интизоми намунавии ҳизбӣ, тасдиқи нақшаи корӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъдан Фирдавс Ғафурзода дар суханронии худ қайд намуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ асоси фаъолияти ҳизб буда, дар якҷоягӣ мо метавонем ба ҳадафҳои барномавию Оинномавии ҳизб ноил гардем. Ҳар як узви ҳизбро мебояд дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳмгузор бошад. Дар хотима фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg