БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонк» маҷлиси ҷамъбастӣ барои соли 2020 баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷобирзода Сафаралӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар зарфи як соли сипаригардида ба ҳозирин ҳисобот дод. Номбурда қайд намуд, ки дар соли 2020 аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” 4 адад вохӯрӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия оид ба тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузо гардида,  аз ҷониби масъулин баромадҳо карда шудааст.

Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроия Зоирзода Савзалӣ   ба сухан баромада, доир ба саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк ” дар таҳкими ғояҳои барномавии ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили сарфакорона истифода намудани неруи барқ, истифодаи самарноки заминҳои кишт махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштии ҳифзи саломатӣ баромад намуд.

Дар фарҷом Набиев Суҳроб аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилоти ибтидоии “Роҳбалад” оид ба  муборизаи шадид бар зидди  терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз  он ва тарзи дурусту самаранок истифода намудани технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg