БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД, ВАЛЕ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Заводи оҳану қир” бо иштироки Муслима Ғуриева мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид.

Нахуст, Набиев Файзулло муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2020 ҳисобот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар соли сипаригардида, аъзои ташкилоти ибтидоии “Заводи оҳану қир” тавонистанд, ки дар ҷодаи касбӣ ва корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Дар соли сипаригардида мувофиқи имконият ба як қатор оилаҳои камбизоату маъюб кумакҳои ғизоӣ расонда шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии (КОВИД-19) бошад, ба як қатор сокинони шаҳр ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои антисептикӣ дастрас карда шудааст.

Муслима Ғуриева зимни суханронии худ зикр кард, ки ҲХДТ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди устувор ва бонизоми кишвар ва дар ин замина бо мақсади фароҳам овардани зиндагии шоистаи ҳар фарди ҷомеа, имкониятҳои мусоид ҷиҳати ташаккули неруи инсонӣ дар асоси баробари адолати иҷтимоӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон, пайваста кӯшиш менамояд. Дар фарҷом иштирокдорон ҳисоботӣ солонаи ташкилоти ибтидоии “Заводи оҳану қир”-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg