ЛЕВАКАНТ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” баргузор гардид, ки фаъолияти аъзои ташкилотро дар соли сипаришуда натиҷагирӣ намуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова зимни суханронӣ аз фаъолияти самарабахши ташкилоти ибтидоӣ ёдовар шуда, аъзои онро барои иштироки фаъолонаашон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ...” изҳори сипос намуда, дар амалишавии нақшаҳои ояндаашон муваффақият таманно намуд.
Дар маҷлис, инчунин ба чанд нафар аъзои нав, ки ба сафи ҳизб пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда, мавсуф зимни супоридани шаҳодатномаи ҳизбӣ қайд намуд, ки аъзои ҳизби бонуфуз будан барои ҳар нафар шараф ва ифтихори бузург аст.