ВОСЕЪ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Восеъ ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳо дар давоми соли 2020 бо маром идома дорад.
Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “А.Сино” “МТМУ №53” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии номбурда гузаронида шуд.
Ҳамзамон, дар раванди маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти солонаи фаъолияти ташкилот барои соли 2020 раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботи солонаи фаъолияти ташкилотро ироа намуд ва фаъолияти ташкилот дар соли сипаригардида хуб арзёбӣ карда шуд.
Дар охири маҷлис нақшаи кории ташкилот барои соли 2021 пешниҳод ва баррасӣ карда шуд.