ВОСЕЪ. Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободонию бунёдкорӣ ва саҳм гузоштан дар хуррамгардонии як гӯшаи диёр кормандони ташкилоти ибтидоии “Раёсати омор” шанбегӣ баргузор намуданд.
Дар корҳои ободонӣ масъулини ҳизбӣ низ иштирок намуда, қайд карданд, ки тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, роҳравҳо, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо вазифаи ҳар яки мо буда, ин аз масъулияти баланди ватандӯстии мо дарак медиҳад.
Ҳамзамон, иштирокдорони шанбегӣ замин ва бехи дарахтони назди бинои ташкилоти ибтидоии номбурдаро нарм намуда, шохҳои зиёдатии дарахтонро бурида танаи онҳоро сафед карданд. Иштирокдорони иброз намуданд, ки омода ҳастанд то чунини шанбегиҳоро дар оянда низ гузаронанд.