БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ НАЗАРРАСАНД

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон” маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаришуда баргузор гардид.

Зимнан, раиси ташкилоти ибтидоӣ  дар назди ҷамъомадагон ҳисобот дода, қайд кард, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, аз ҷумла маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботҳои парлумонӣ ва Президентӣ, Аксияҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат варзида, дар ҳама самтҳо саҳм гузоштааст.  

Баъдан намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Исмоил Ҷалилов ба сухан баромада, доир ба саҳми ташкилотҳои ибтидоӣ дар таҳкими ғояҳои барномавии ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз, яъне ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштии ҳифзи саломатӣ ибрози ақида намуд. Дар охир бо саволу ҷавобҳои тарафайн маҷлис анҷом ёфта, фаъолияти яксолаи ташкилоти ҳизбӣ қаноатбахш арзёбӣ  гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg