БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАЪРИФАТЧИЁН”

ВАХШ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маърифатчиён”-и ноҳияи Вахш  маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилот дар соли 2020 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  гузаронида шуд. Зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастӣӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ  Сайфиддин Валиев ҳисоботи ташкилотро ироа намуда, нақшаи кории барои соли 2021-ро тасдиқ ва баррасӣ намуд.

Инчунин,  дар идомаи маҷлис намояндагони ҳизбӣӣ вобаста ба моҳияти Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” дар самти  сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи хизмати он  ва пешгирии бемории сироятии (КОВИД-19) суханронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи амалҳои созанда раҳнамоӣ карданд.  Сипас, дар охир дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣӣ карда шуда, бо дастгирии иштирокдорон ҳисоботи солонаи  ташкилоти ибтидоӣ  дар соли 2020 хуб арзёбӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg