БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУЗД ДУЗДРО ДАР ШАБИ ТОР МЕШИНОСАД

(Ё чаро Муҳидин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш барои   аз ҳабс озод намудани раиси комиссияи тафтишотии ҲНИ дар ноҳияи Рӯдакӣ  бобои Донаёр (Дона) бо тамоми ҳастӣ ҷор мезананд?)

ВОКУНИШ. Дузд барои он дуздро дар шаби тор мешиносад, ки  онҳо як мақсаду маром доранд, тамоми рафтор, гуфторашон бо ҳам мувофиқат мекунад.  Мисли ҳамин Муҳиддин Кабирӣ то ҳол медонад, ки ҳаммаслаконаш дар куҷо зиндагӣ мекунанд, чӣ ҳол доранд. Ҳаминро ҳам медонанд, ки кадоми онҳо қобилияти иҷро намудани дастуру супоришҳои онҳоро доранд.

Бобои Донаёр ӯро Мулло Дона ҳам меноманд, раиси комиссияи тафтишотии Ҳизби террористӣ – экстремистии наҳзати ислом дар ноҳия Рӯдакӣ,  аз қабили онҳое мебошад, ки то имрӯз аз ниятҳои нопоки худ барнагашта, дастуру супоришҳои Муҳиддин Кабирӣ , Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигаронро иҷро менамояд.   

 Вале ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ҷиноят ва ҷинояткорӣ пинҳон намемонад.  Он ошкор карда мешавад  ва шахси гунаҳкор мувофиқи гуноҳи содирнамудааш ба ҷавобгарӣ кашида  мешавад.  Дар ин ҳолат кас на аз Президенту Ҳукумат ва органҳои қудратӣ, балки аз худ  бояд домангир  бошад.

Бобои Донаёр раиси комиссияи тафтишотии Ҳизби наҳзати ислом дар ноҳияи Рӯдакӣ буд.  Бар замми ҳодисаҳои мудҳиши ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик овардаи саркардагони ин ҳизб, Сарвари давлат, Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро авф кард. Баъди ин бахшиш ин мӯйсафеди ба гуфти наҳзатиҳо 87 соларо зарур буд, ки  Худои худро гуфта, ба роҳи рост қадам мегузошт. Вале дили одаткарда хун мегиряд гуфтагӣ барин барои он ҷинояткорони наҳзатии дар зиндонбуда хобаш намебурд. ( Ин аз суханони пуштибононаи Кабирӣ, Иззат Амон, Муҳаммадиқболи Садриддин бармеояд)   Барои онҳо хӯрока мебурд.

Дар ҳамин ҷо суоле пайдо мешавад, ки чаро ин мӯйсафеди саховатпеша барои дигарон нею танҳо барои ҳаммаслакони худ хӯрока мебурд.  Албатта ин дидорбиниҳо мақсади дигар ҳам дошт ва  бе ҳеҷ  як шакку шубҳа бо дастури Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон ба иҷро расонида мешуд. Органҳои ҳифзи ҳуқуқ  инро ошкор ва    бобои Донаёрро  ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Имрӯз, ки  Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар бораи бегуноҳии бобои Донаёр ҷор мезананд ва ҳамаро даъват менамоянд, ки  аз як гиребон сар бароварда барои озодии раиси комиссияи тафтишотии Ҳизби хунхори наҳзати ислом дар ноҳияи Рӯдакӣ мубориза баранд, беҳтар он аст,  як  бор   он мусибатҳои гӯшношуниди  ба сари мардум овардаашонро ба ёд оварда, баъд  ба онҳое, ки то имрӯз дар ёди Ватан, аз сӯзи фарзанд, падар, модар ва дигар хешу ақрабои шаҳидшудаашон зор – зор мегирянд, муроҷиат намоянд.

Оё , қотилони миллат ҳаққу ҳуқуқи  ба миллат муроҷиат карданро доранд, ки ҳаммаслаки  онҳо, Донаёр Набиеви “дар ҳама кори Ҳизби наҳзати ислом пешсафро” аз ҳабс озод намоянд?

Мардуми Тоҷикистон на танҳо ин даъватро намепазиранд, балки ба чунин даъват ва даъваткунандагон лаънат мехонанд.   

Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg