
Ш. ШОҲИН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии Абдуллоев Меҳроҷ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зарифзода Почохон Ҳабибулло, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бо интихобкунандагон доир гардид.
Вакилон дар назди ҳозирин доир ба фаъолияти яксолаи хеш ибрози андеша намуда, инчунин Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро ҷиҳати сарфакорона истифода бурдан аз неруи барқ ба дарки сокинон расониданд ва сокинонро ба оқилонаву сариштакорона истифода бурдани қувваи барқ таъкид сохтанд.
Қисмати ҷамъбастии вохӯрӣ бо салову ҷавоби тарафайн анҷом ёфта, сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.